Noble Quran » Тоҷики » Books » ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он

  • ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он

    Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/252724

    Download :ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он

Random Books

  • ҲАҶ ВА УМРАИн мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.

    Translators : Мусъаби Ҳамза

    Source : http://www.islamhouse.com/p/250717

    Download :ҲАҶ ВА УМРАҲАҶ ВА УМРА

  • Ҳасад аз бемориҳои қалбиҲасад: яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад. Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон. Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.

    Formation : Аҳмад ибни Абдулҳалим

    Reveiwers : А. Ҳақназар

    Translators : Алӣ Сорими

    Source : http://www.islamhouse.com/p/380298

    Download :Ҳасад аз бемориҳои қалбиҲасад аз бемориҳои қалби

  • Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.

    Formation : Аҳмад Дидот

    Source : http://www.islamhouse.com/p/322439

    Download :Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?

  • Саргузашти имом АбуҳанифаИн китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.

    Formation : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Reveiwers : Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи

    Source : http://www.islamhouse.com/p/204700

    Download :Саргузашти имом АбуҳанифаСаргузашти имом Абуҳанифа

  • Асосҳои сегонаЭй бародари азиз Аллоҳ таъоло туро мавриди лутфу ризвонаш қарор диҳад. Яқин бидон бар ҳар як мусалмон ва мусалмон зан лозим аст, ки се масъаларо ба яқин бидонад ва ба муқтазои онҳо амал кунад. Ва ин китобча ин се амалро барои шумо баён мекунад.

    Formation : محمد بن عبد الوهاب

    From issues : Сомонаи Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара

    Source : http://www.islamhouse.com/p/465

    Download :Асосҳои сегонаАсосҳои сегона

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share